Кӯмаки ВКД ба мактаб-интернати №1-и пойтахт

Дар остонаи таҷлили Иди Қурбон Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе бо маводи ғизойӣ кӯмак расонид. Тавре аз вазорати мазкур хабар доданд, кӯмаки ғизойӣ ба маблағи умумии 7 ҳазор сомонӣ аз як миқдор равғани рустанӣ, биринҷ, картошка, шириниҳо ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат аст. Қобили зикр аст, ки айни замон шумори […]


Дар остонаи таҷлили Иди Қурбон Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе бо маводи ғизойӣ кӯмак расонид.

Тавре аз вазорати мазкур хабар доданд, кӯмаки ғизойӣ ба маблағи умумии 7 ҳазор сомонӣ аз як миқдор равғани рустанӣ, биринҷ, картошка, шириниҳо ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон шумори тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1-и пойтахт 600 нафарро ташкил медиҳад.

Мебояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи Иди Қурбон кӯмак расонидан ба мактаб-интернату хонаҳои кӯдакон аз ҷониби вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва шахсони ҷудогона ба ҳукми анъана даромадааст.

Соли равон Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми октябр таҷлил мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.