Омӯзиши ҳуқуқшиносон аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул

Рӯзҳои 27-29 октябри соли 2012 Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо барои табибони муассисаҳои ислоҳотӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш мегузаронанд. Тавре аз дафтари кории Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистонхабар доданд, […]


Рӯзҳои 27-29 октябри соли 2012 Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо барои табибони муассисаҳои ислоҳотӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш мегузаронанд.

Тавре аз дафтари кории Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистонхабар доданд, иштирокчиёни тренинг тӯли се рӯз ба ду гурӯҳ (табибон ва хуқуқшиносон) ҷудо шуда, бо асосҳои тафтиши далели истифодаи шиканҷа ва ҳамчунин бо меъёрҳои байналхалқии гузаронидани ташхиси судии тибии ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷа ва санадсозии далели шиканҷа шинос мешаванд.  

Кормандони Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз муаллифону таҳиягарони Протоколи Истанбул, мебошанд, дар омӯзиши мазкур вазифаи коршиносонро ба дӯш доранд. Чунин омӯзишҳо қаблан дар Қирғизистон, Қазоқистон ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон, ки меъёрҳои Протоколи Истанбул ба қонунашон ворид гардида дар амал истифода мешаванд, гузаронида шуда буданд.

Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелхои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.

Протоколи Истанбул – ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд.  Соли 1999 санади мазкурро СММ ба мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа  қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносиботи бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкору ифшо карда шаванд. 

Принципҳои протокол (ҳамчун «Принципҳои Истанбул» маъруф аст) таҳияи меъёрҳои ҳадди ақалро дар бар мегиранд, ки одатан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар қазияҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои баҳогузории собит кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи ҷисмониву равонӣ истифода мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.