Боздиди ҳайати Омбудсменҳои Қирғизистону Русия аз АНМН

Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати Ваколатдорони ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо)-и Қирғизистону Русия баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, ба ҳайати Омбудсменҳо перомуни фаъолияти Агентӣ, вазъи мухаддирот дар ҶТ, тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мубориза алайҳи қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати Ваколатдорони ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо)-и Қирғизистону Русия баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, ба ҳайати Омбудсменҳо перомуни фаъолияти Агентӣ, вазъи мухаддирот дар ҶТ, тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мубориза алайҳи қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маълумоти муафссал пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳайати Омбудсменҳо аз анбори нигоҳдории маводи мухаддири мусодирашуда ва тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ боздид карданд.

Қобили зикр аст, ки вохӯрии мазкур дар доираи конфронс таҳти унвони «Воситаҳои пурсамари ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ: нақши Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Русия» (Душанбе, 30-31-уми октябр) созмон дода шуд.

Барои иштирок дар кори конфронс Омбудсменҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ гирдиҳам омаданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.