– Иваз шудани роҳбарони аксари васоити ахбори умумии ҳукумат, ки бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, як ҷойивазкунии маъмулии кадрӣ аст, – мегӯяд сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат.
Ба андешаи ӯ, чунин ҷойивазкунӣ шояд ба он хотир сурат гирифтааст, ки «роҳбарони ВАО-и ҳукумат муддати тӯлонӣ сари танҳо як мансаб қарор надошта бошанд».
Нуралӣ Давлат мутмаин аст, ки дар робита ба ин тағийроти кадрӣ дар фаъолияти васоити ахбори ҳукумат ҳеҷ тағйироте ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. «Роҳбарони тозатаъин низ ҳамон амру супоришҳои ҳукуматро ба иҷро хоҳанд расонд», – иброз дошт вай.
Сиёсатшинос ҳамчунин муътақид аст, ки «дар бораи ягон тағйироти куллии самти фаъолияти ВАО-и давлатӣ дар остонаи маъракаи интихоботи президентии соли 2013 наметавон ҳарф зад».
«Барои рӯйи кор овардани самти нави фаъолият дар бахши сиёсати иттилоотӣ дар остонаи интихобот, афроди нав бо андешаву афкори тозаву ҷадид заруранд», – афзуд номбурда.





