Ҳукумат буҷети соли 2013-ро маъқул донист

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014-2015 баррасӣ ва маъқул дониста шуда, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014-2015 баррасӣ ва маъқул дониста шуда, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад барои соли 2013 ба андозаи 12,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 наздики 2 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 мувофиқи дурнамо ба андозаи 42,1 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ ба андозаи 7,4% ва дараҷаи таваррум 9% пешбинӣ шудааст.

Қисми даромади Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014 ва 2015 бошад мутаносибан наздики 14 миллиард ва 15,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Зикр гардид, ки Буҷети давлатӣ барои соли 2013 чун солҳои пешин бештар хислати иҷтимоӣ дошта, беш аз нисфи маблағҳои он – қариб 6,4 миллиард сомонӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра равона мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бори дигар таъкид дошт, ки роҳҳои афзун намудани дастгирии давлатии ин кор дарёфт карда шавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳа барои беҳсозии хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ, рушди кумаки аввалияи тиббӣ, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо дорувории хушсифат ва таҷҳизоти муосири тиббӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи тахассуси мутахассисон шунида шуд.

Аз ҷумла бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ дар зарфи 10 соли охир 25 баробар афзун гардида, ба ин васила муассисаҳои гуногуни ин соҳа бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису муолиҷа таъмин мегарданд ва сифати хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳшавӣ овардааст.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Раиси ноҳияи Рашт оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафарҳои корӣ ба ин ноҳия аз соли 2008 то 2012 додааст, ҳисобот дод.

Дар ҷаласа Барномаи рушди санъати сиркӣ барои солҳои 2013-2017, Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2013, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015 ва Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии химояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.