Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 80% зиёд шуд

Соли равон дар Тоҷикистон беш аз 370 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160 ҳазор тонна зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ зиёда аз 400 ҳазор тонна ангишт фурӯхта шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 180 […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли равон дар Тоҷикистон беш аз 370 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ зиёда аз 400 ҳазор тонна ангишт фурӯхта шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 180 ҳазор тонна бештар мебошад.

«Зиёд гардидани ҳаҷми фурӯши ангишт дар давраи ҳисоботӣ ба сард омадани тирамоҳу-зимистони солҳои 2011-2012 ва зиёд гардидани талаботи корхонаҳои саноатӣ марбут аст», – зикр мегардад дар иттилои вазорат.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 1,7 ҳазор нуқтаи фурӯши ангишт амал мекунанд. Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда 34,0 ҳазор тоннаро ташкил дода, муштариён метавонанд, аз ин нуқтаҳо ва анборҳо ангишт харанд.

Бо ангишт дар навбати аввал муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ангишт асосан дар конҳои Фон-Яғноб, Вуромун, Шӯроб, Зиддӣ, Сайёд ва Шӯрообод истихроҷ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.