Ҳ.Зарифӣ: Мо мақсади зарар расонидан ба кишварҳои ҳамсояро надорем

Ахири ҳафтаи гузашта дар Токио Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» иштирок намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Дар оғози ҷаласа иштирокчиён оид ба муваффақиятҳои ноилшуда дар давоми 20 соли барқарории намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония, инчунин […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Токио Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» иштирок намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Дар оғози ҷаласа иштирокчиён оид ба муваффақиятҳои ноилшуда дар давоми 20 соли барқарории намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония, инчунин комёбиҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» ибрози назар намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист, энергетика, ноилшавӣ ба Мақсадҳои рушди ҳазорсола ва коҳиш додани нобаробарӣ ҷиддан баррасӣ гардиданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба тадбирҳо ва саъю кӯшишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дастгирии сулҳу субот дар минтақа, зарурати ҳамкории минтақавӣ ба мақсади мӯътадилгардонии вазъ дар Афғонистон ибрози андеша карданд. Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин муҳим будани ҳамкориро дар соҳаи коҳиш додани хатари офати табиӣ қайд намуданд.

Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба масъалаҳои обӣ-энергетикӣ таваҷҷӯҳ намуд: “Таи солҳои охир ҳал намудани мушкилоти обӣ-энергетикӣ масъалаи ҳамдигарнофаҳмии кишварҳои минтақа мегардад. Сабаби муҳим будани мавзӯъ, пеш аз ҳама, дар нодуруст маънидод кардани истифодаи захираҳои обӣ-энергетикии минтақа мебошад. Оид ба Тоҷикистон дар ин мавзӯъ, мо ҳеҷ гоҳ мақсад нагузоштаем, ки ба манфиати кишварҳои ҳамсоя зарар расонда, худ фоида гирем”. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки зимни ҳал намудани чунин масъалаҳо Тоҷикистон аз мавқеи ҳифз намудани тавозуни чӣ манфиатҳои худӣ ва чи умумиминтақавӣ пуштибонӣ менамояд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои тандурустӣ, маориф, баробарии гендерӣ, қочоқи маводи мухаддир, таҳдиди паҳншавии экстремизм ва терроризм, зарурати амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторҳои минтақавӣ бо ҷалб намудани Афғонистонро қайд намуд.

Дар рафти ҷаласа ҷониби Япония изҳор дошт, ки барои ҷудо намудани 700 миллион доллари ШМА барои амалӣ намудани лоиҳаҳои зарурӣ дар доираи Муколама омода аст.

Ҷонибҳо дар бораи то моҳи марти соли 2013 гузаронидани муколамаи интелектуалии навбатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби амалисозии “Нақшаи корӣ”-и Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” мебошад, ба мувофиқа расиданд.

Вохӯрии 5-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” бо раисии Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

 Дар конфронси матбуотӣ оид ба натиҷаҳои вохӯрӣ Вазир Ҳ. Зарифӣ баромад намуда, қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ характери махсусан муҳим касб кардаанд. “Зарур аст, ки захираҳои табиии Осиёи Марказӣ ва технологияи пешрафтаи Японияро ба ҳам оварда шаванд”, – қайд намуд Ҳ. Зарифӣ.

 Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии 4-уми Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” изҳороти муштарак қабул карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.