Тақозои Эътилофи ТҶ зидди шиканҷа оид ба таҳқиқи ҳодиса дар зиндони Хуҷанд

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон изҳороти кушода пахш намуда, дар он аз мудом расидани хабарҳо аз маҳкумшудагон ва наздикони онҳо дар бораи ҷой доштани далелҳои истифодаи шиканҷа ва рафтори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби кормандони он  нигаронии шадид  изҳор намуд. Дар ин робита Эътилоф аз ҳодисаи ахир ёдовар шуда, изҳор мекунад, ки […]

Наргис Ҳамробоева


Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон изҳороти кушода пахш намуда, дар он аз мудом расидани хабарҳо аз маҳкумшудагон ва наздикони онҳо дар бораи ҷой доштани далелҳои истифодаи шиканҷа ва рафтори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби кормандони он 


нигаронии шадид 

изҳор намуд.

Дар ин робита Эътилоф аз ҳодисаи ахир ёдовар шуда, изҳор мекунад, ки ба Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон маълумот расид, ки шаби 5-ум ба 6-уми ноябри соли 2012 беш аз 50 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ба муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд интиқол гардиданд. Ин маҳбусон изҳор доштанд, ки бо расидан ба муассисаи мазкур мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифтанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 7-уми ноябр хешовандони маҳкумшудагон ба Прокуратураи генералӣ шикоят навишта, сипас ба аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо дархости мусоидат барои гузаронидани ташхиси судиву тиббӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат карданд.

Ба қавли хешовандон, миёни маҳбусони интиқолшуда чаҳор нафар шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзодаи низ ҳастанд. Эҳтимолан, номбурда рӯзи 20-уми сентябр дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1-и пойтахт бар асари шиканҷа фавтидааст.

Маҳмурод Ризоев ба аъзои Эътилоф гуфт, ки писари ӯ Суннатулло Ризоев яке аз ин шоҳидон буда, нахуст дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1-и ш.Душанбе мавриди фишори кормандони он қарор гирифтааст ва сипас дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд бераҳмона латукӯб шудааст. «Ҳангоме ки муфаттишони парвандаи марги Икромзода ба муассиса омаданд, писари ман ошкоро изҳор дошт, ки бо чашмони худ дидааст, чӣ гуна Ҳамзаро то ҳалок шуданаш латукӯб кардаанд ва ӯ нишондоҳои худро иваз карданӣ нест», – мегӯяд падари маҳкумшуда.

Тибқи баъзе иттилоот, ба муассисаи ислоҳии ш.Хуҷанд маҳкумшудагон Илҳом Рустамов, Суннатулло Ризоев, Тоҷиддин Ризоев, Умед Холмуродов, Қайс Шарифов, Зоир Раҳматов, Садриддин Маҳмадов, Садриддин Тошев ва дигарон гузаронида шудаанд.

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов мегӯяд, чунин маълумот, ки маҳбусон барои ифшо нашудани ҳолатҳои марги Ҳамза Икромзода ба Хуҷанд интиқол гардидаанд, асоси воқеӣ надорад.

Бо дархости хешовандони маҳбусон, ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилоф манфиатҳои чанде аз маҳкумшудагони мазкурро ҳимоят мекунанд. Рӯзи 10-уми ноябри соли 2012 ҳимоятгари дафтари машварати ҳуқуқии №1-и ш.Хуҷанд, тобеи Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, ки аз манфиатҳои Ризоев Суннатулло намояндагӣ мекунад, ба муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и ш.Хуҷанд рафта, аз тариқи муроҷиати хаттӣ мулоқот бо зерҳимояашро дархост кард, вале бақайдгирии муроҷиати ӯро бо сабаби аз 5-уми ноябр эълон шудани карантин ва то кунун идома ёфтани он рад карданд.

Дар ин робита Эътилоф таъкид месозад, ки Кумитаи ҳуқуқи инсон дар Қайдҳои тартиби умумии худ ба моддаи 7-и Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар кардааст, ки «набудани дастрасии таъхирнопазир ба ҳимоятгар ва хешовандон, инчунин нигаҳдории инсон бидуни робита бо ҷаҳони берун хавфи истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯро ба миён оварда, аз ҷониби давлат бояд манъ карда шавад».

Ҳамин тариқ, дар робита ба иттилооти мазкур, Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо назардошти:

– ӯҳдадориҳои байнулмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф,

– изҳороти давлат дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амалисозии тавсияҳои ин Кумита,

аз Ҳукумати кишвар тақозо мекунад:

– Дастрасии таъхирнопазири ҳимоятгарон ба маҳбусон бо мақсади пешниҳоди кӯмаки ҳуқуқии босифат ва намояндагӣ аз манфиатҳои онҳо таъмин карда шавад;

– Гурӯҳи корӣ аз шумори намояндагони Парлумон, Ҳукумати ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ оид ба гузаронидани ташхисҳои судиву тиббӣ ва равоншиносӣ, инчунин нозирони САҲА ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ барои тафтиши мустақил, беғараз ва муассири қазияи муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и ш.Хуҷанд ташкил гардида, ба ин тариқ, «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба далелҳои шиканҷа дар кишвар зоҳир карда шавад.

Зери изҳорот Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро», Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI», Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон», Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Фонди ҷамъиятии «Нотабене» имзо гузоштанд.

Нусхаи изҳорот ба Намояндаи комилҳуқуқи  Президенти ҶТ дар Маҷлиси Олии ҶТ, Мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов, Ба Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода ирсол шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.