Тафтиши парвандаи садамаи журналисти ВВС то ҳанӯз анҷом наёфтааст

Ҳимоятгарони журналисти хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз, ки аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёт ҷароҳатҳои вазнин бардошт, аз ба дарозо кашидани ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур изҳори нигаронӣ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз ҳимоятгарони журналист Саидбек Фозилов хабар дод, танҳо пас аз гирифтани хулосаи айбнома онҳо ба шиносоии пурра бо маводи парванда ҳуқуқ […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳимоятгарони журналисти хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз, ки аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёт ҷароҳатҳои вазнин бардошт, аз ба дарозо кашидани ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур изҳори нигаронӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз ҳимоятгарони журналист Саидбек Фозилов хабар дод, танҳо пас аз гирифтани хулосаи айбнома онҳо ба шиносоии пурра бо маводи парванда ҳуқуқ доранд ва агар ҳамин ҳафта тафтиши парванда анҷом наёбад, онҳо аз болои муфаттишон ба Прокуратураи генералӣ шикоят хоҳанд бурд, зеро натиҷаҳои ташхис аллакай маълуманд.

Ба қавли ҳимоятгар, онҳо дархост кардаанд, ки маблағи зарар, аз ҷумла зарари моддӣ низ муайян карда шавад. «Аз ВКД ба мо изҳор карданд, ки ин дархост баррасӣ мешавад, вале аз маблағи муқарраршудаи зарар ҳарфе нагуфтанд», – иброз дошт вай.

Ҳимоягари журналист аз оғози парвандаи ҷиноӣ танҳо мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ ( Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ба парвандаи ҷиноӣ бояд моддаи 127 (Дар хатар монондан) низ ҳамроҳ гардад, зеро гунаҳкори садама аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, журналисти осебдида ва писари ӯро дар ҳолат вазнини бидуни кӯмак гузошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати тафтишоти ВКД иттилоъ доданд, тафтишоти парвандаи мазкур дар марҳилаи хотимавӣ қарор дошта, чунин парвандаҳо ба иллати баргузории ташхисҳои зиёд ба муддати зиёд тӯл мекашанд, зеро танҳо ҳамин ҳафта 6 маротиба ташхис гузаронида шудааст.

Айни замон Искандари Фирӯз дар дармонгоҳи «Сино» қарор дошта, табибон ҳолати ӯро ҳамоно вазнин арзёбӣ мекунанд. «Ҳозир журналистро барои баргузории ҷарроҳии пояш омода мекунем, ки бояд ҳафтаи оянда сурат гирад», – гуфтанд табибон.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Раёсати тафтишотӣ ва Раёсати БДА ҷиҳати таҳқиқи дақиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки аз он хабарнигори Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз осеб дид, супориш дода буд. Бо назардошти изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон (11-уми октябр) бобати тафтишоти мӯшикофонаи ин ҳодиса, вазир ҷараёни таҳқиқи ин қазияро таҳти назорати худ қарор дод.

Мақомоти раҳбарии БДА ВКД Тоҷикистон пас аз ташхис эълон дошт, ки гунаҳкори садама ронандаи автомашинаи «Тойота-Ландкрузер» Насрулло Шарифов аст, ки қаблан худро бо номи Айёмиддин Раҳмиддинзода муаррифӣ мекард. Ба гунаҳкори садама чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани чорво дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойҳои махсус муқаррар шудааст. Аз шаҳрдорӣ ба “Азия-Плюс” суроғаи...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.