Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону ИА


Чанде қабл дар шаҳри Брюссел дар Парламенти Аврупо вохӯрии роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон, Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари ҳайати Парламенти Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паоло Бартолоззи барпо гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо матраҳ шуданд.

Муовини аввали Раиси Парламент А.Миралиев аз рафти таҳкими робитаву муколамаи байни парламентҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар сатҳҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳамсӯҳбати худ барои мусоидати доимӣ ва кӯмаки амалии Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, табодули таҷрибаи ғании парламентаризми аврупоӣ, инчунин такмили низоми судӣ ва таъмини ҳуқуқҳои инсон миннатдорӣ баён намуд. А.Миралиев ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкории дуҷонибаи бисёрсамта минбаъд боз ҳам фаъолтар мегардад.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар гуфтушунид инчунин вакилони Парламенти Тоҷикистон Галия Рабиева, Рустам Латипов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев иштирок намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное