Хуҷанд: Оғози мурофиаи гумонбаршудагон ба узвият дар «Ҳизб-ут-Таҳрир»

Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҳафт нафар гумонбаршудагон ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа, судяи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров иттилоъ дод, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда дар бинои суди шаҳр мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда нисбат ба ҳафт нафар сокинони вилоят, аз ҷумла се нафар занону як нафар […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҳафт нафар гумонбаршудагон ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа, судяи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров иттилоъ дод, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда дар бинои суди шаҳр мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда нисбат ба ҳафт нафар сокинони вилоят, аз ҷумла се нафар занону як нафар ноболиғ ба гумони узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» шурӯъ мешавад.

Гурӯҳи мазкурро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд аз 4 то 9-уми сентябр боздошт намуда буданд.

Ба қавли судя, соли 2000-ум онҳо ихтиёран ба сафи созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба ҷалби аъзои нав, таблиғи афкору ғояҳои созмони мазкур ва паҳн намудани варақаҳои мазмуни ифротгароӣ машғул будаанд.

«Аксари онҳо дар ташкил ва иштирок дар гурӯҳҳои ифротгаро, барангехтани низоъи милливу нажодӣ ва мазҳабӣ, даъват ба тариқи зӯроварӣ барҳам додани сохти конститутсионӣ ва даъват ба анҷом додани амалҳои ифротгароӣ муттаҳам карда мешаванд», – қайд кард Аҳроров.

Қобили зикр аст, ки қисмати дигари гурӯҳ иборат аз 10 нафар аллакай маҳкум гардида, дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд.

Созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1952 дар Фаластин таъсис дода шуд. Ҳадафи аслии созмон барҳам додани сохти конститутсионӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ва бунёди халифат аст. Дар аксари кишварҳо созмони мазкур террористӣ эътироф шудааст. Соли 2001 дар Тоҷикистон низ фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» мамнӯъ эълон гардид. Соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро шомил гардида, аъзои фаъоли он таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон нисбат ба 56 нафар аъзои фаъоли созмонҳои динии ифротгаро, ки сокинони вилоят мебошанд, парвандаҳои ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, ба судҳо ирсол гардидаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.