Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи бинои нави осоишгоҳи «Баҳористон»

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукру сипос аз сиёсати сулҳсозию ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо эҳтирому самимияти баланд истиқбол гирифтанд. Аз ин […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукру сипос аз сиёсати сулҳсозию ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо эҳтирому самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳ ва рӯнамоии бинои нави осоишгоҳи овозадори Баҳористон иштирок намуд.

Дар саҳни ҳавлии осоишгоҳ миёни сарвари давлат ва иштирокдорони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони мардумии Шӯрои Олии даъвати солҳои 1990-1995 ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ки дар он солҳои вазнин ба халқу ватани худ хизматҳои пурарзиш намудаанд, суҳбати самимии тӯлонӣ сурат гирифт. Президенти кишвар ба ҳамаи онҳо бори дигар барои хизматҳои шоёнашон дар пешгирӣ аз ҷангу хунрезии солҳои 90-уми асри гузашта, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва дубора сарҷамъ намудани мардуми парешоншудаи Тоҷикистону аз нав бунёд намудани асосҳои давлатдории навини тоҷикон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Ба роҳбарияти осоишгоҳи Баҳористон дастур дода шуд, ки барои истироҳату фароғат ва солимгардонии онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.

Сипас бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави 6-ошёнаи осоишгоҳи Баҳористон расман мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо шароити тиббии ташхису муолиҷа, ки бо истифода аз навтарин тарзу усул ва технологияҳои ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино дорои 250 ҷойи хоб буда, дар он 100 нафар мутахассисони хуби тиббию хизматрасонӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Шумораи умумии кормандони осоишгоҳ кунун ба 400 нафар расид.

Бо ифтитоҳи ин бино кунун осоишгоҳи Баҳористон имкон дорад, ки дар як баст то ба 800 нафар хизматрасонии хушсифат пешниҳод намояд. Дар фасли тобистон бошад имкон ҳаст, ки шумораи истироҳаткунандагон то ба ҳазор нафар дар як баст расонда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.