Имтиёз ба фурудгоҳи Хуҷанд. Воридоти таҷҳизот барои таъмир 50% аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд

Техника ва таҷҳизоте, ки барои азнавсозии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ворид мешаванд, 50 дарсад аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд. Дар ин бора ба Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 тағйиру иловаҳо ворид гардид ва онро вакилони парлумон ба тасвиб расониданд. “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи рӯзи […]

Asia-Plus

Техника ва таҷҳизоте, ки барои азнавсозии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ворид мешаванд, 50 дарсад аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд. Дар ин бора ба Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 тағйиру иловаҳо ворид гардид ва онро вакилони парлумон ба тасвиб расониданд.

“Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи рӯзи 26-уми декабр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи тағйиру иловаҳо дар назди вакилон гуфт, он бо мақсади дастгирии молиявии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва дар ин замина, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва сайёҳон таҳия гардидааст.

Дар асоси лоиҳа, таҷҳизоте мисли трап, лифтҳои махсус барои мусофирон, эскалаторҳо, автокран, таҷҳизоти барқдиҳандаи ҳавопаймо 50 дарсад аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Азизи Гиёзода, вакили парлумон ҳам бо дастгирӣ аз ин пешниҳод гуфтааст, ки “қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, бахусус ҷиҳати мутобиқ намудани фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ, мусоидат менамояд”.

Ёдовар мешавем, ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд чанд вақт аст ки таъмиру тармим мешавад. Барои таъмири он аз буҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маблағ ҷудо кардаанд.

Соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Хуҷанд толорҳои навро боз карда буд.

Он замон гуфта мешуд, ки толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 млн сомонӣ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то дар як вақт ба 400-500 нафар мусофир хидматрасонӣ карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.