Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Хуҷанд толорҳои навро боз кард

Имрӯз, 7 октябр сафари кории прзиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, дар маросими кушодашавии чанд бинои ҷашнӣ иштирок мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва […]

Имрӯз, 7 октябр сафари кории прзиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, дар маросими кушодашавии чанд бинои ҷашнӣ иштирок мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони вилоят гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд президенти мамлакат бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуд.

Бинои толори вакилони расмии фурудгоҳ дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ карда шудаааст. Он дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид карда нашуда буд.

Дар ин толор Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ ороста, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳо – сару либос ва маблағи пулӣ тақдим кард.

Дар идома президент бинои нави аэровокзали фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро расман ба истифода дод. Толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 млн сомонӣ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизматрасонӣ карда шавад. Мутобиқи лоиҳа аз ду тарафи аэровокзал ба самти перрон ду галерея бо дарозии 22 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопоймоҳои калонҳаҷми тамғаҳои чун “Аэробус А320” ва “Боинг 767-300” васл карда мешавад.

Дар марҳилаи минбаъдаи татбиқи Лоиҳа муҷаҳҳазгардонии техникии бино бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир, аз ҷумла таҷҳизот барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар лавозимоти аэровокзал пешбинӣ гардидааст.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон раҳсипор гардида, ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии ширкати “Ганҷофар” оғоз бахшид.

Дар шаҳри Бӯстон президент бинои муассисаи таълимии хусусии “Ворисони илм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Мактаб бо ташаббуси оилаи Рауповҳо бо харҷи беш аз 5 млн сомонӣ бунёд гардидааст.

Пас аз ин сарвари давлат ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бинои навбунёди Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” ва дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мактаб-кӯдакистони  “Маҳзани илм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.