Қатъи фаъолияти бозори Шоҳмансур баъди панҷ рӯз

Машраб Қараев, мудири бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки миёни мардум бештар ҳамчун «Зелёний бозор» маъруф аст, рӯзи 9 октябр ба савдогарони бозор хабар додааст, ки мувофиқи дастури раиси пойтахт, бозор ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, то охири ҳамин ҳафта фурӯшандаҳо бояд ба бозори «Меҳргон» (собиқ «Пойтахт-90») раванд. Айни замон дарвозаҳои бозор баста буда, фурӯшандаҳо ба […]

Машраб Қараев, мудири бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки миёни мардум бештар ҳамчун «Зелёний бозор» маъруф аст, рӯзи 9 октябр ба савдогарони бозор хабар додааст, ки мувофиқи дастури раиси пойтахт, бозор ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, то охири ҳамин ҳафта фурӯшандаҳо бояд ба бозори «Меҳргон» (собиқ «Пойтахт-90») раванд.

Айни замон дарвозаҳои бозор баста буда, фурӯшандаҳо ба ҷамъоварии молу маҳсулоти худ машғуланд. Посбонон дарро барои харидорон мекушоянд, то ки онҳо маҳсулоти боқимондаро харида тавонанд (бо нархи нисбатан пасттар). Воридоти молу маҳсулоти тозаву нав манъ аст.

Машраб Қараев ба онҳо гуфтааст, дар бозори «Меҳргон» ҷойҳо омода буда, ҳар кадоме аз савдогаронро зарур аст, ки бо моликони бозори нав қарордод ба имзо расонанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ба истифода дода шуд. Барои сохтмони он аз буҷети пойтахт 202,6 млн. сомонӣ (ҳудуди 40 млн. доллар) маблағ ҷудо шуд.

Мирзо Тағоев, ҳуқуқшиноси ҶДММ Маркази савдои «Истиқлол», ки айни замон бозори «Меҳргон»-ро ин ширкат ба иҷора гирифтааст, ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон дар бозор 3 ҳазор ҷойи фурӯш барои савдогарон муҳайё аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ошёнаҳои якуму дуюм фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, хушкмева, маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулот ба роҳ монда шуда, дар ошёнаи сеюм якчанд нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва фурӯшгоҳҳои сарулибосу пойафзол фаъолият хоҳанд кард. Дар қисмати шимолии бозор айни замон корҳои сохтмони бинои пӯшидаи савдои яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дорад.

Мирзо Тағоев қайд кард, ки иҷораи 1 метри мураббаъи ҷойи савдо дар бозор 300-350 сомониро ташкил медиҳад. «Лекин то моҳи январ мо иҷорапулӣ намегирем, чунки барои савдогарон аз бозори Шоҳмансур барои одат кардан дар ҷойи нав ва гирифтани каме ҳам бошад даромад аз савдо дар ин бозор, вақт лозим аст», – зикр кард Тағоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.