Дар додгоҳ муноқишаи ду роҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҳаллу фасл мегардад

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қазияи додгоҳии ду роҳбари Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво дорад, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қазияи додгоҳии ду роҳбари Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.






Раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво дорад, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.





Дар аризаи даъвогиаш М.Собиров аз мақолаҳои С.Исмонов дар ҳафтаномаи «Фараж» ёдовар мешавад, ки дар онҳо ӯ худро раиси ҳизб номидааст.





Дар ҳамин ҳол, С.Исмонов мегӯяд, ки даъвои М.Собиров «ҳеҷ асосе надорад». «Аввал, М.Собировро чун роҳбари ҳизб танҳо мақомоти ҳукумати расмӣ эътироф мекунанд, на раёсати ҲДТ, – изҳор дошт ӯ. – Дуввум, ба сифати даъвогар ӯ ба толори додгоҳ ҳозир нашудааст ва ҳузури рӯзноманигоронро дар толор манъ карданд, ки ин ба гумони ғаразнок будани баррасии даъво мебарад».

 






Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бояд

    

қарори ҳалномаи додгоҳӣ бароварда шавад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.