Картошкапарварони водии Раштро гамбӯсаки колорадӣ ба ташвиш овардааст. Вазорати кишоварзӣ хомӯш аст

Ғарм. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияҳои водии Рашт тайи 6-7 соли ахир масъалаи зиёни гамбӯсаки колорадӣ ба ҳосили картошка ба мавзӯи мубрами рӯз табдил ёфтааст. Муовини раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов гуфт, ки дар минтақа гамбӯсаки колорадӣ ҳангоми овардани картошкаи тухмӣ аз Голландия пайдо шудааст. «Он ҳангоми шинонидани картошка ба замин пайдо мешавад, […]

Бимукаррама Насруллоева



Ғарм. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияҳои водии Рашт тайи 6-7 соли ахир масъалаи зиёни гамбӯсаки колорадӣ ба ҳосили картошка ба мавзӯи мубрами рӯз табдил ёфтааст.






Муовини раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов гуфт, ки дар минтақа гамбӯсаки колорадӣ ҳангоми овардани картошкаи тухмӣ аз Голландия пайдо шудааст. «Он ҳангоми шинонидани картошка ба замин пайдо мешавад, – идома дод ӯ. – Бахусус он дар ноҳияи Ҷиргатол, ки ҳосили картошкаи он ҳам аз ҷиҳати сифату ҳам ҳосилнокӣ беҳтар аст, бештар ба мушоҳида мерасад».





«Солҳои ахир он масъалаи доғи рӯз гаштааст ва вазорати кишоварзиву мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ба кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар нест кардани он дасти ёрӣ дароз кунанд, – таъкид сохт муовини раиси ноҳия, – Алҳол сокинон субҳгоҳон гамбӯсакҳоро дар сатил ҷамъ карда, онро месӯзонанд».





Тибқи маълумоти намояндагони созмонҳои байнулмилалии


FAO


,


UNDP


ва Бунёди Оғохон, онҳо сокинон ва хоҷагиҳои фермериро бо обпошакҳо таъмин сохтанд, доруро худи сокинон харидаанд.





Дар ҳамин ҳол, кишоварзон мегӯянд, ки аз ҷониби вазорати кишоварзӣ алҳол ҳеҷ кӯмаке нарасидааст.



  






Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.