Дар Суғд беш аз 100 кило ҳероин мусодира карда шуд

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ дар шимоли кишвар миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро мусодира карданд. Аз вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст ва ду нафар гумонбаршудагон […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ дар шимоли кишвар миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро мусодира карданд. Аз вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст ва ду нафар гумонбаршудагон боздошт гардидаанд.

 







Ба иттилои манбаъ, вазни маводи мусодирашуда ба 103 кило баробар аст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида. тафтишот идома дорад. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.





Ёдрас мекунем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба миқдори 3 тоннаву 568 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 24,3 дарсад зиёдтар аст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.