Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Конфронси байнулмилалии зидди маводи мухаддир гардид

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи сипаришуда директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар шаҳри Истамбул дар кори Конфронси XXVI-уми байнулмилалии зидди маводи мухаддир(IDEC) иштирок кард. Аз агентии мазкур хабар доданд, ки Р.Назаров дар конфронс оид ба вазъи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақаи […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи сипаришуда директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар шаҳри Истамбул дар кори Конфронси XXVI-уми байнулмилалии зидди маводи мухаддир(IDEC) иштирок кард.






Аз агентии мазкур хабар доданд, ки Р.Назаров дар конфронс оид ба вазъи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ гузориш додааст.





«Дар ҷаласаи охирини конфронс Тоҷикистон ба ҳайси аъзои доимии конфронс қабул карда шуд, – гуфт манбаъ. – Узвият дар конфронс ҳеҷ хароҷотеро аз буҷаи ҷумҳурӣ тақозо намекунад».





Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, конфронс ҳуқуқ дорад тавассути Агентии назорати маводи нашъаовари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тафтиши парвандаҳои ҷиноии марбут ба роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои ҷинояткори байнидавлатӣ ва трансмиллӣ кӯмаки молиявӣ расонад.






Маълумотнома:



Ҷаласаи нахустини Конфронси байнулмилалии зидди маводи мухаддир соли 1983 дар Панама доир гаштааст. Конфронс бо мақсади табодули иттилоот дар бораи муомилоти байнулмилалии ғайриқонунии маводи мухаддир, тавсиаи амалиёти ҳамоҳангсозӣ ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии он таъсис ёфтааст. Айни замон 91 кишвари ҷаҳон шомили он мебошанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.