Созмони ҷаҳонии беҳдошт гузориш оид ба нақши кӯмаки тиббии аввалияро муаррифӣ мекунад

            Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Созмони ҷаҳонии беҳдошт гузориш оид ба нақши кӯмаки аввалияро таҳти унвони «Кӯмаки тиббииву санитарӣ имрӯз бештар муҳим аст» муаррифӣ мекунад.             Тавре аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс»хабар доданд, «гузориши мазкур имкон медиҳад, ки сабақҳои аз таҷрибаи пешина гирифтаро таҳлил намуда, барои фаъолияти […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Созмони ҷаҳонии беҳдошт гузориш оид ба нақши кӯмаки аввалияро таҳти унвони «Кӯмаки тиббииву санитарӣ имрӯз бештар муҳим аст» муаррифӣ мекунад.





           

Тавре аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс»хабар доданд, «гузориши мазкур имкон медиҳад, ки сабақҳои аз таҷрибаи пешина гирифтаро таҳлил намуда, барои фаъолияти минбаъда ва роҳи ҳалли вазифаҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. «Иҷрои тавсияҳои пешбинишуда ба коҳиши фарқ миёни нақшаву кори амалӣ мусоидат хоҳад кард», – гуфт сарчашма.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар гузориш маҷмӯи масоили ислоҳоти соҳа, ки беҳбуди кӯмаки тиббиву санитарӣ, интизориии шаҳрвандон аз он ва масоили умумии соҳаро дар бар мегирад, инъикос ёфтаанд. Интизор меравад, ки дар чорабинӣ намояндагони вазорати тандурустӣ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва созмонҳои байнулмилалии марбут ба ин соҳа ширкат хоҳанд варзид.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.