О.М.Пелен: Фаронса шумори хизматчиёни низомии мустақар дар фурудгоҳи Душанберо зиёд намекунад

            Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири кабири Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метлан Пелен ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Фаронса шумори хизматчиёни низомии мустақар дар фурудгоҳи Душанберо, ки бо мақсади дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани техника барои амалиёти зидиитеррористӣ дар Афғонистон фаъолият доранд, зиёд намекунад. «Соли ҷорӣ шумори нерӯҳои низомии Фаронса дар Афғонистон […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири кабири Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метлан Пелен ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Фаронса шумори хизматчиёни низомии мустақар дар фурудгоҳи Душанберо, ки бо мақсади дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани техника барои амалиёти зидиитеррористӣ дар Афғонистон фаъолият доранд, зиёд намекунад. «Соли ҷорӣ шумори нерӯҳои низомии Фаронса дар Афғонистон афзун мегардад, вале фурудгоҳи Душанбе макони хизматрасонии техникӣ боқӣ мемонад, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, шояд дар Тоҷикистон шумори техникаи хизматрасон зиёд карда шавад, вале шумори хизматчиёни ҳарбӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд».





           

Дар шарҳи масъалаи татбиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминал дар фурудгоҳ, сафир зикр кард, ки феълан ҷузъиёти ахири оғози сохтмон мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.




           

Ёдрас мекунем, ки барои сохтмони иншооти мазкур Фаронса ният дорад, ба Тоҷикистон ба маблағи 18 млн. Евро бурс ҷудо намояд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.