Ш.Шабдолов: Ӯзбекистон ба мо душман нест, дар мушкилоти ҷойдошта мо худамон гунаҳкорем

            Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар чунин назар аст, ки бо афзоиши арзиши газ ё боздошти интиқоли барқи Туркманистон аз ҷониби Ӯзбекистон, аз ин кишвари ҳамсоя душмантарошӣ кардан нашояд, зеро дар мушкилоти ҷойдошта мо худамон гунаҳкорем.             Намояндаи мардумӣ шарҳ дод, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар чунин назар аст, ки бо афзоиши арзиши газ ё боздошти интиқоли барқи Туркманистон аз ҷониби Ӯзбекистон, аз ин кишвари ҳамсоя душмантарошӣ кардан нашояд, зеро дар мушкилоти ҷойдошта мо худамон гунаҳкорем.





           

Намояндаи мардумӣ шарҳ дод, ки кишвари ҳамсоя бидуни истисно тибқи қонунҳои иқтисоди бозорӣ амал мекунад ва таври маълум он ҷо дӯсту душман як аст ва гуфтаи «сармоядори асосии Русия» – Анатолий Чубайсро ёдовар шуд, ки гуфтааст, «дар бозор ба виҷдону адолат ҷой нест». «Моро лозим аст бо шарикони худ муносиботи корӣ роҳандозӣ созем ва дар як вақт аз манфиатҳои худ ҳимоят карда тавонем, зеро аз касе раҳму шафқат интизор шудан нашояд», – гуфт ӯ.




           

Дар шарҳи масъалаи мушкилоти норасоии газ мавсуф чунин баён дошт: «Ҳанӯз дар замони шӯравӣ маълум буд, ки Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Туркманистон дар ҳавзаи ягонаи газӣ ҷойгиранд, вале чун кишвари мо аз сатҳи баҳр баландтар воқеъ аст, мутаносибан истихроҷи газ низ дар ин ҷо мушкилтар хоҳад буд. Гузашта аз ин, мо аз ҷалби сармоягузорӣ ба конҳои гази худ, ки захириаи кофии газро дороянд, каме дер мондем ва ҳарчанд кунун корҳои кашфу истихроҷи он ба роҳ монда шуда бошанд ҳам, то фаъолияти пурраи онҳо мо фишори Ӯзбекистонро хоҳ нохоҳ эҳсос хоҳем кард».




           

Роҳи ҳалли мушкилотро Ш.Шабдолов дар ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба бахши истихроҷи газ, ҷустуҷӯӣ сарчашмаҳои алтернативии дигар, шарикони кории нав ва ташкили бозори воҳиди минтақавии энергетикӣ мебинад. «Мо чандин маротиба дар сатҳи парлумон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод сохтем, ки бозори ягонаи энергетикӣ ташкил намоем, вале ҳарчанд он ба манфиати ҳама кишварҳо аст, онҳо пешниҳоди моро напазируфтанд», – гуфт ӯ.




           

Ба ақидаи ӯ, захираҳои газ дар кишварҳои минтақа беҳудуд нестанд ва дер ё зуд онҳо ба итмом мерасанд. «Тоҷикистон бошад, яке аз кишварҳои пешсаф аз рӯи иқтидори электроэнергетикӣ дар ҷаҳон аст», – афзуд Ш.Шабдолов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.