Ҳ.Зарифӣ сафири Белгия дар Тоҷикистонро бинобар анҷоми маъмурияти дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулъода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристиан Меершманро ба муносибати ба итмом расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳокима шуданд. Таъкид гардид, […]

root


Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулъода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристиан Меершманро ба муносибати ба итмом расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳокима шуданд.



Таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷониба баъд аз сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Белгия (моҳи феврали соли 2009) ва сафари кории Сарвазири Белгия Ҳерман Ван Ромпей ба Душанбе (моҳи майи соли 2009) ба сатҳи нав расиданд.



Дар анҷоми сӯҳбат Вазир ба Кристиан Меершман барои фаъолияти пурсамараш дар таҳкими муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Белгия изҳори ташаккур намуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.