Дабири кулли Шӯрои Аврупо ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупоро фоли нек арзёбӣ кард

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар доираи анҷоми сафари расмӣ ба як қатор кишварҳои Аврупо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Шўрои  Аврупо Торберн Ягланд гуфтушунид кард. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлатСафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо аз шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса оғоз ёфт.  Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ […]

Азия-Плюс

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар доираи анҷоми сафари расмӣ ба як қатор кишварҳои Аврупо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Шўрои  Аврупо Торберн Ягланд гуфтушунид кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлатСафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо аз шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса оғоз ёфт.

 Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди  Аврупо мулоқоту сўҳбатҳои судманд анҷом медиҳад.

Субҳи дирӯз  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Шўрои  Аврупо Торберн Ягланд мулоқот намуда, ба ў барои даъвати расмиаш ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз куҳантарин сохтори умумиаврупоӣ – Шўрои Аврупо  арзи сипос намуд.

 Торберн Ягланд дар посух изҳор дошт: “Шумо нахустин роҳбари давлат аз Осиёи Марказӣ мебошед, ба Шўрои Аврупо ташриф овардед ва ин фоли нек аст”

 Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки “натиҷаҳои ин мулоқот дар самти ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсии миёни Тоҷикистону Шўрои Аврупо ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи пойдору дарозмуддати мутақобилан судманд бо давлатҳои аъзои он қадами тозае хоҳанд шуд”.

 Зимни мулоқот атрофи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон гуфтугўи судманд сурат гирифт. 

 Дар робита ба раванди демократикунонии ҷомеа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон ҳанўз дар ибтидои ин кори на соддаю кўтоҳмуддат қарор дорад, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст”. Аз ҷумла зикр гардид, ки “имрўз дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мекунанд, ки панҷтои он дар парлумон намоянда дорад. 404 рўзномаву маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28 тоаш  ғайриҳукуматӣ аст, амал мекунад. Шумораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар ибтидои ба истиқлолият расидани кишвар ҳамагӣ 141 то буд, имрўз ба зиёда аз ду ҳазору сесаду панҷоҳ адад расидааст”.

 Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки “имрўз муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Аврупо марҳилаҳои  ба ном “шиносоии мутақобила” ва “интизории қадамҳои мутақобила ба самти якдигар”-ро паси сар карда, бар асари саъю талошҳои муштарак шаклу мазмуни мушаххасро касб кардаанд”.

 ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо ишора ба аҳамияти стратегии татбиқи лоиҳаҳои минтақавии фарогири Афғонистон ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ таъкид доштанд.

 Мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ қарор дорад, барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ муҳим арзёбӣ гардид.

 Мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳалли мушкилоти идоракунии захираҳои обу  энергетика, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии  Осиёи Марказӣ, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва дигар проблемаҳои мубрами минтақавӣ низ муҳим маънидод шуд.

 Баъди анҷоми ин мулоқот Конвенсия оид ба пазируфтани маълумоти олии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо  ба имзо расид. Ба  ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Янгланд имзо гузоштанд.

 ҳамчунин Эъломияи муштараки ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Аврупо эълон гардид, ки дар он самтҳои густариши робитаҳои минбаъдаи ду ҷониб муайяну мушаххас гаштааст.

 Сипас Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Шўрои  Аврупо  Торберн Ягланд нишасти матбуотӣ оростанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Торберн Ягланд зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он фароху умедбахш арза доштанд.

 Торберн Ягланд изҳор дошт, ки Президенти Тоҷикистон нахустин роҳбари давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба Шўрои Аврупо ташриф овард. Ў ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандии Шўрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон таъкид намуд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Шўрои  Аврупо  Торберн Ягланд даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафарҳои  расмӣ ба Ҷумҳурии Франсия, Ҷумҳурии Австрия, Гертсогии Бузурги Люксембург ва Ҷумҳурии Венгрия сафар кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.