Хатлон: Ҷаримабандии ду зан барои роҳандозии таълими ғайриқонунии дин

Қӯрғонтеппа. 7-уми июн.  «Азия-Плюс» — | Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ду занро, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. Бино ба гуфти Ҳасан Мӯъминов, судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа, Зӯҳро Муҳаммадҷонова ва Мавлуда  Мавлонова бо моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне  риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ташкилотхои динӣ гунаҳкор дониста шуда, онҳо ба […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Қӯрғонтеппа. 7-уми июн.  «Азия-Плюс» — | Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ду занро, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид.

Бино ба гуфти Ҳасан Мӯъминов, судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа, Зӯҳро Муҳаммадҷонова ва Мавлуда  Мавлонова бо моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне  риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ташкилотхои динӣ гунаҳкор дониста шуда, онҳо ба миқдори 10  нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда ба 35 сомонӣ баробар аст) ҷаримабандӣ шуданд.

Ба қавли судя, онҳо дар манзилҳои истиқоматии худ бидуни иҷозати мақомоти дахлдори давлатӣ аз 7 то 10 нафар духтаронро ба таълим додани дини ислом фаро гирифта будаанд. «Ҳамчунин боз як парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати як зани дигар, ки ӯ низ бидуни иҷозатнома ба таълими динӣ машғул будааст, мавриди баррасии суд қарор дорад», – афзуд Ҳ.Мӯъминов.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соли равон дар вилояти Хатлон 39 далели роҳандозии таълими ғайриконунии динӣ ба наврасон дар манзилҳои истиқоматӣ ошкор шудааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.