Иштироки нахуствазири Тоҷикистон дар кори «Давоси исломӣ» дар Остона

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиши умумиҷаҳонии иктисодии исломӣ (7-9-уми июн) озими шаҳри Остона шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳамоиш таҳти унвони «Ҷаҳонишавӣ: Робитаи мутақобила, рақобат, ҳамкорӣ барои сафарбарсозии кишварҳои мусулмонӣ ва ғайримусулмонӣ ба мустақилияти бузурги […]

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиши умумиҷаҳонии иктисодии исломӣ (7-9-уми июн) озими шаҳри Остона шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳамоиш таҳти унвони «Ҷаҳонишавӣ: Робитаи мутақобила, рақобат, ҳамкорӣ барои сафарбарсозии кишварҳои мусулмонӣ ва ғайримусулмонӣ ба мустақилияти бузурги иқтисодӣ тавассути воситаҳои бози муносибатҳои мутақобила ва ҳамкории бисёрҷонибаи стратегӣ» доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабиниҳои ҳамоиш якчанд иҷлосияҳо созмон дода мешавад, ки дар онҳо баррасии масоили роҳандозии фаъолияти бонкҳои исломӣ, рушди зербинои молиявӣ, индустрияи ҳалол, тавсеъаи тиҷорати хурду миёна ва истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергия дар назар аст.

Бино ба маълумоти интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, дар кори ҳамоиш президент Ҷубути Исмоил Умар, ноиби президенти Индонезия Боедино, нахуствазири Малайзия Наҷиб Раззоқ, муовинони нахуствазирони Ироқ Рӯза Нурӣ Шауис ва Қирғизистон Омурбек Бабанов, президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Бадавӣ, президенти Бонки Нидерланд Вим Кок, вазирони молияи Арабистони Саъудӣ ва Ӯрдун, вазирони иқтисоди Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркманистон ва Озарбойҷон ширкат хоҳанд варзид.

Чанде аз коршиносони ва мутахассисони бахши молияи ҷаҳон Ҳамоиши умумиҷаҳонии иктисодии исломиро «Давоси исломӣ» унвон мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.