Ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД дар Минск

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Минск ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дасьаҷамъӣ (СААД) ба кор оғоз мекунад, ки Тоҷикистонро дар он муовини аввали вазири мудофиа, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Рамил Нодиров намояндагӣ мекунад. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матуботи Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Минск ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дасьаҷамъӣ (СААД) ба кор оғоз мекунад, ки Тоҷикистонро дар он муовини аввали вазири мудофиа, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Рамил Нодиров намояндагӣ мекунад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матуботи Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои мазкур масоили беҳбуди самаранокии фаъолияти мутақобилаи сардорони ситоди кулл (Сарраёсатҳо, Кумитаи сардорони ситодҳо, ситодҳои муттаҳида)-и Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви созмон ва такмили фаъолияти ситоди муттаҳидаи СААД мавриди баррасӣ қарор мегиранд. «Дар ҷаласа ба мушкилоти муҷаҳҳаз сохтани Нерӯҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврӣ бо намунаҳои силоҳу муҳимоти муосир, техникаи махсус ва низомӣ низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин атрофи масоили ташкили нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД ва чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати омодасозии ин нерӯҳо барои истифода аз рӯйи таъинот низ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Ёдрас мекунем, ки 18-уми сентябри соли 2003 Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди амал қарор гирифта, феълан ба ҳайати он кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Точикистон ва Ӯзбекистон шомиланд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.