Мулоқоти раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ бо як ҳайати парлумонии Чехия

Душанбе. 7-уми июн.  «Азия-Плюс» — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев гурӯҳи парламентии Сенати Ҷумҳурии Чехияро таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Пржемисл Соботка, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташиф овардаанд ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон ҷаноби Робет Копетскиро бо хоҳиши онҳо ба […]

Душанбе. 7-уми июн.  «Азия-Плюс» — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев гурӯҳи парламентии Сенати Ҷумҳурии Чехияро таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Пржемисл Соботка, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташиф овардаанд ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон ҷаноби Робет Копетскиро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Пржемисл Соботка ва ҳайати ҳамроҳонашро самимона шодбош намуда, таъкид ва изҳори боварӣ кард, ки сафари мазкур дар таҳким ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Чехия самараи нек хоҳад дод. Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки итминон аст баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ нек ба роҳ монда шуда, потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар навбати худ ҷаноби Пржемисл Соботка аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллӣ бо Сенати Ҷумҳурии Чехия тадбирҳои судмандро анҷом диҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин зимн фазои ҳуқуқӣ ва шароитҳои мусоиду боэътимоди фароҳамовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳимоя ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ нек арзёбӣ намуда, таъкид бар он сохт, ки ояндаи наздик кушода шудани хати ҳавоӣ миёни кишварҳо барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳад гузошт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.