Оғози кори Намоишгоҳи байнулмилалии «ИнтерЛегПром-2011» дар Душанбе

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти саноати сабуки «ИнтерЛегПром-1011» ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти ширкатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва корхонаву ширкатҳои ватанӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳад […]

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти саноати сабуки «ИнтерЛегПром-1011» ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти ширкатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва корхонаву ширкатҳои ватанӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.  

Ба иттилои манбаъ, муддати се рӯз дар намоишгоҳ гӯшаҳои маҳсулоти бахшҳои технологияву таҷҳизот барои саноати сабук ва бофандагӣ, таҷҳизоти коркарди нахи пахта, чарм, абрешим ва пилла, рангдиҳандаҳову воситаҳои кимиёвӣ, маводи ёридиҳанда, трикотаж, матоъи ҳама навъҳо, калобаву нах, ришта, маҳсулоти текстил барои рӯзгор, пойафзол, мебел барои хона, таҷҳизоту маводи бандубаст ва тамғакоғаз (этикетка)-ҳо амал хоҳанд кард.

Зикр гардид, ки намоишгоҳ ба ифтихори таҷлили чашни 20-умин солгарди истиклолияти Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати чумҳурӣ бо дастгирии ҳукумати кишвар созмон дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.