Озодии ду навраси тоҷик аз асорати ҷинояткорони афғон

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл ба туфайли кӯшишоти мақомоти дахлдори Тоҷикистону Афғонистон дар музофоти Тахори Афғонистон ду навраси тоҷик аз асорати ҷинояткорони афғон озод карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шаби 31 май ба 1 июни соли 2011 дар минтақаи деҳаи Сайроби хоҷагии […]

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл ба туфайли кӯшишоти мақомоти дахлдори Тоҷикистону Афғонистон дар музофоти Тахори Афғонистон ду навраси тоҷик аз асорати ҷинояткорони афғон озод карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шаби 31 май ба 1 июни соли 2011 дар минтақаи деҳаи Сайроби хоҷагии Ангурбоғи ноҳияи Ҳамадонӣ хонандагони синфҳои 6 ва 8 мактаби №23 ҳамин ноҳия бародарон Сангмадов Фаридун ва Сангмадов Сангмад ҳангоми обёрии юнучқазори замини шахсӣ дар соҳили дарёи Панҷ аз ҷониби 4 нафар шахси мусаллаҳ гаравгон гирифта, ба самти Афғонистон интиқол дода шуданд. Онҳоро даҳ рӯз дар улусволии Янгиқалъаи вилояти Тахор, дар ҷангал ва хонаҳои алоҳида нигоҳ доштанд.

 Ҷинояткорон тавассути телефон аз падари онҳо бар ивази баргардонидани фарзандонаш 40 ҳазор доллари ИМА талаб карданд.

 Бо пайгирии сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон субҳи 8 июни соли ҷорӣ сохторҳои амниятии вилояти Тахор амалиёт гузаронида, кӯдаконро сиҳату саломат озод намуданд. Ҳоло кӯдакон дар Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қундуз қарор дошта, дар тараддуди бозгашт ба Ватан ҳастанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.