Афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар кори мизи мудаввар таҳти унвони «Бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» сармутахассиси раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Бозоралӣ Бегматов изҳор дошт, ки ахиран дар Тоҷикистон тамоили афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи ӯ, агар моҳҳои январ-майи соли гузашта […]

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар кори мизи мудаввар таҳти унвони «Бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» сармутахассиси раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Бозоралӣ Бегматов изҳор дошт, ки ахиран дар Тоҷикистон тамоили афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон ба мушоҳида мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, агар моҳҳои январ-майи соли гузашта аз Туркманистон ҳамагӣ 1,2 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид шуда бошад, пас дар ҳамин давраи соли равон он қариб 28 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. «Арзиши як тонна маводи сӯзишвории Туркманистон ба 943 ва Русия 936 доллари ИМА баробар аст», – гуфт ӯ.

Бегматов зикр намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 35,1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки 92,8% (32,5 ҳазор тонна) аз Русия ва 6% (2 ҳазор тонна) аз Туркманистон оварда шудааст.

Дар маҷмӯъ, моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 200 млн. доллари ИМА 215 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида, нархи миёна барои 1 тонна 920 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Бозоралӣ Бегматов гуфт, пас аз болоравии арзиши боҷи содиротии Русия ҳаҷми воридоти ҳама гуна маҳсулоти нафтӣ ба кишвар дар ҳоли коҳиш аст. «Дар муқоиса бо панҷ моҳи соли гузашта, соли равон воридоти маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ба андозаи 8,2% ё 19,3 ҳазор тонна кохиш ёфт», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.