Суғд: Зери мошин мондани корманди милисаву аз ҷойи ҳодиса ғайб задани ронанда

Хуҷанд. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд як ронанда бо мошин корманди милисаро зер карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи навъи ВАЗ-21099 зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Ғафуров-Хуҷанд дар муқобили посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ роҳбари яке аз шӯъбаҳои РКД-и […]

Хуҷанд. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд як ронанда бо мошин корманди милисаро зер карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи навъи ВАЗ-21099 зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Ғафуров-Хуҷанд дар муқобили посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ роҳбари яке аз шӯъбаҳои РКД-и вилоят Шомурод Юлдошевро зер мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. «Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса сокини 27-солаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳибкор Рустам Ӯзоқов боздошт шуд, ки ин амалро содир намудааст», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, прокуратураи шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ин далел нисбат ба Р.Ӯзоқов мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё


ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё зарар ба саломатиаш гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.