Cозмондиҳандагони таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шумориданд. Зимни шарҳи моҳияти тағйироти мазкур ба намояндагони мардумӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор кард, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд барои созмон додан ва роҳандозии фаъолияти таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ, ки моҳияти […]

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи моҳияти тағйироти мазкур ба намояндагони мардумӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор кард, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд барои созмон додан ва роҳандозии фаъолияти таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ, ки моҳияти ифротгароӣ доранд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазир, барои шаҳрвандони дар ин амалҳо дастдошта ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 12 сол ва созмондиҳандагони тазоҳурот, гирдиҳамойӣ ва роҳпаймоиҳои осоиштаи ғайриқонунӣ ҷазои аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Вакилони палатаи поёнии парлумон ҳамчунин Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви СҲШ дар мубориза бар зидди ҷинояткориро якдилона маъқул шумориданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.