Баррасии парвандаи Файзулло Бобохонов дар арафаи анҷомёбист

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ҳисор мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ прокурори ноҳияи Ҳисор, писари собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ Файзулло Бобохонов идома дорад. Рӯзи душанбе, 13-уми июн мурофиаи навбатии додгоҳӣ аз рӯйи ин парванда баргузор шуда, ҳолати айбдории собиқ прокурори ноҳия дар азхудкунии маблағ аз фурӯши ширкати хусусии ҶДММ «Нақлиётгаз» баррасӣ […]

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ҳисор мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ прокурори ноҳияи Ҳисор, писари собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ Файзулло Бобохонов идома дорад.

Рӯзи душанбе, 13-уми июн мурофиаи навбатии додгоҳӣ аз рӯйи ин парванда баргузор шуда, ҳолати айбдории собиқ прокурори ноҳия дар азхудкунии маблағ аз фурӯши ширкати хусусии ҶДММ «Нақлиётгаз» баррасӣ шуд.

Тавре дар хулосаи айбнома гуфта мешавад, прокурори ноҳияи Ҳисор Ф.Бобохонов бо Абдураҳмон Расулзода вохӯрда, бо таҳдиди ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ӯ ва хешовандонаш, аз Расулзода талаб мекунад, ки ширкати «Нақлиётгаз»-ро ба номи ӯ ба расмият дарорад. Баъдтар пас аз огоҳ шудан перомуни ба маблағи 48 ҳазор доллари ИМА фурӯхтани ширкат аз ҷониби А.Расулзода, ӯ ин маблағро аз ӯ мегирад.

Дар робита ба ин ҳолат ҷониби ҳимоя шоҳидони иловагиро даъват намуда, онҳо тасдиқ кардаанд, ки ҳаҷми маблағи муомилот хеле камтар будааст. Аз ҷумла Абдулло Сабзаев изҳор кард, ки ӯ ширкати мазкурро дар ҳамроҳӣ бо Аҳмадшо Сабзаев соли 2004 аз Сафар ном шахсе ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ (он замон баробар ба 20 ҳазор доллари ИМА) харидааст. Ин гуфтаҳоро Аҳмадшо Сабзаев низ тасдиқ кард. «Сипас мо иншоотро аз таъмир бароварда соли 2006 онро ба маблағи 400-500 ҳазор сомонӣ фурӯхтем», – гуфт Аҳмадшо Сабзаев.

Баъдан баёноти шоҳидон – сокинони ноҳияи Панҷакент шунида шуданд. Муовини раиси ҷамоати Шинги ноҳияи Панҷакент Додарой Абдуҷабборова тасдиқ кард, ки шоҳид Маҳмадрасул Зарифовро, ки дар ин парванда таҳти исми Ҷалол зикр мегардад, мешиносад, вале ба суоли он, ки ин шахсро ӯ таҳти ин ном мешиносад, ӯ ҷавоби рад дод. Ҳамчунин ба ин суол сокинони дигари ноҳия – раиси ҷамоат Мавлон Раҷабалиев ва Бозор Аловуддинов низ посухи рад доданд.

Ҳамин тариқ ин мурофиаи додгоҳӣ ба итмом расид.

– Аз ҷараёни баргузории мурофиа ҳеҷ шикояте надорем, ҳама амал ба таври муқаррарӣ сурат гирифта истодааст, – гуфт ҳимоягари судшаванда Саидкомил Қурбонов.

Ба гуфтаи ҳимоягар, баёнот аз рӯи аксари ҳолатҳо шунида шуда, имрӯз ҷониби ҳимоя баёноти шоҳидони иловагиро пешиҳод кард, ки ба саҳеҳияти баррасии парванда кӯмак хоҳанд кард. «Мӯҳлати анҷоми баррасии парвандаро мушаххас гуфтан душвор аст, лекин мо ба адолати Қонун боварӣ дорем ва мутмаинем, ки парванда ба фоидаи химоягари мо ҳал хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Суди Олии ҶТ ба баррасии парвандаи Ф.Бобохонов 14-уми апрел шурӯъ кард. Собиқ сармуфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҳисор Шоҳрух Нуралиев низ мутобиқи ин парванда айбдор дониста мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.