Омодагии созмонҳои журналистии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба хабарнигори ҳабсшудаи Би-Би-Си

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ИЖТ қазияи боздошти рӯзноманигори Би-Би-Си дар Хуҷандро таҳти назорат қарор дорад ва масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст. «Баъди огоҳ шудан аз сабабҳои боздошт ва бо кадом моддаҳо расман ба ӯ айб эълон шудан, бо […]

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ИЖТ қазияи боздошти рӯзноманигори Би-Би-Си дар Хуҷандро таҳти назорат қарор дорад ва масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст.

«Баъди огоҳ шудан аз сабабҳои боздошт ва бо кадом моддаҳо расман ба ӯ айб эълон шудан, бо адвокати ӯ вохӯрда, ҳамчунин ИЖТ метавонад аз рӯйи ин масъала як изҳороте низ пахш созад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози андеша намуд, ки дар ҳама гуна кишвари ҷаҳон боздошт ва ба ҳабс гирифтани шаҳрвнд мутобиқи қонунгузорӣ сурат мегирад. «То замоне, ки додгоҳ ҳукми Усмоновро дар содир намудани ин ё он ҷиноят содир насозад, ҳеҷ яке аз мақомоти давлатӣ ё касе ҳуқуқ надорад, ки ӯро ҷинояткор номад», – гуфт номбурда.

Қаршибоев ҳамчунин афзуд, АМВАОМТ ҷиҳати расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба Ӯрунбой Усмонов омода аст.

Ёдрас мекунем, ки кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар ҳизби фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста шуда, соли 2009 ихтиёрӣ ба сафи ин ҳизб шомил ва ба таблиғоти афкори моҳияти ифротгароидоштаи ин ҳаракат дар шабакаҳои Интернет машғул будааст. «Боздоштшуда ба паҳн кардани варақаву адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ низ даст дошта, аз сокинони вилоят даъват ба амал меовардааст, ки ба сафи «Ҳизб-ут-Таҳрир» бипайванданд», – гуфт Асадуллоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.