Қирғизистон қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро таҳти назорати ҷиддӣ мегирад

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз вилояти Ботканд як комиссияи махсус таъсис дод. Тавре дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон ( www.gov.kg )  хабар дода мешавад, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи қочоқи маводи сӯзишворӣ ба хориҷи кишвар пеш гирифта шуда, аъзои комиссияи тозатаъсис имрӯз […]

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз вилояти Ботканд як комиссияи махсус таъсис дод.

Тавре дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон (

www.gov.kg

)  хабар дода мешавад, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи қочоқи маводи сӯзишворӣ ба хориҷи кишвар пеш гирифта шуда, аъзои комиссияи тозатаъсис имрӯз баҳри омӯзиши дақиқи масъала ба вилояти Ботканд сафар хоҳанд кард.

Ҳамчунин ҳукумати Қирғизистон бобати ба муддати 6 моҳ манъ кардани ба хориҷи кишвар баровардани маводи сӯзишворӣ низ қарор қабул кард. «Қарори мазкур бо мақсади пешгирии ба вуҷуд наомаднаи норасоии шадиди он дар бозори дохилӣ қабул карда шуд», – гуфта мешавад дар хабари сомона.

Бино ба иттилои хабаргузории

www.24kg.org

вакили парлумони Қирғизистон Азамат Арапбоев дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки ин мушкилоти марзбонон аст, зеро миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба маънии томаш марзи воқеъие вуҷуд надорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.