Баррасии Қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар Маҷлиси миллӣ

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ даъвати чорум Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ мешавад. Рӯзи 15-уми июн пас аз баҳсҳои тӯлониву тезутунд палатаи поёнии парлумони кишвар ин қонунро маъқул шуморид, ки миёни аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва дар сатҳи байнулмилалӣ вокунишҳои гуногунро […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ даъвати чорум Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ мешавад.

Рӯзи 15-уми июн пас аз баҳсҳои тӯлониву тезутунд палатаи поёнии парлумони кишвар ин қонунро маъқул шуморид, ки миёни аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва дар сатҳи байнулмилалӣ вокунишҳои гуногунро ба бор овард.

Масалан, рӯзи 23-юми июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) иҷрокунандаи вазифаи мушвоир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннелл дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ИМА аз палатаи болоии парлумон ва президенти Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки масъалаи имкони баргардонидани қонуни мазкур ба палатаи поёниро баррасӣ намоянд, то ки ба он тағйироти дахлдор, аз ҷумла бекор кардани муқаррарот дар бораи узвият ба ҷамъиятҳои динӣ ворид карда шавад.

Аммо, ба андешаи аксарияти мутлақи коршиносон, палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бидуни баррасии густардаву доманадоре ин қонунро маъқул хоҳад шумурд.

Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 14-уми декабри соли 2010 ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Ташаббускори таҳияву коркарди қонуни мазкур президенти Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.