Сӯзонидани ҳудуди 200 кило маводи мухаддир дар оташдонҳои АНМН

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бо тартиби муқаррашудаи қонунгузорӣ дар оташдонҳои махсус як миқдор маводи мухаддир нобуд карда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҳузури комиссияи иборат аз кормандони мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу рӯзноманигорон […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бо тартиби муқаррашудаи қонунгузорӣ дар оташдонҳои махсус як миқдор маводи мухаддир нобуд карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҳузури комиссияи иборат аз кормандони мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу рӯзноманигорон беш аз 197 кило маводи мухаддир, аз ҷумла зиёда аз 11,5 кило героин, 54 кило афюн ва наздики 110 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида хоҳад шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 34 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, аз рӯи онҳо ҳукми додгоҳ содир шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар муддати 12 соли фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар оташдонҳои махсуси агентӣ зиёда аз 13,5 тонна маводи нашъаовар нобуд карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.