Дар шаҳри Турсунзода домод падарарӯсро ба ҳалокат расонид

Турсунзода. 8-уми август. «Азия-Плюс» – | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Турсунзода ҳодисаи куштори падарарӯс аз ҷониби домодашро ошкор карданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори қисми навбатдории ШКД-и ш.Турсунзода, майори милиса Руслан Шоев иттилоъ дод, рӯзи 7-уми августи соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Деҳқонбой Мамадҷонов, соли таваллудаш 1983-ро бо иттиҳоми куштори […]

Иброҳим Абдулхаев

Турсунзода. 8-уми август. «Азия-Плюс» – | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Турсунзода ҳодисаи куштори падарарӯс аз ҷониби домодашро ошкор карданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори қисми навбатдории ШКД-и ш.Турсунзода, майори милиса Руслан Шоев иттилоъ дод, рӯзи 7-уми августи соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Деҳқонбой Мамадҷонов, соли таваллудаш 1983-ро бо иттиҳоми куштори падарарӯсаш Маъруф Раҳимбоев, соли таваллудаш 1960 дастгир карданд. Гумонбаршуда зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ҷаврати ҷамоати 1-уми Майи шаҳри Турсунзода буда, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, дар айни ҳол бекор аст.

Ба гуфтаи сарчашма, Деҳқонбой Мамадҷонов рӯзи 6-уми август баъд аз муноқишаи оилавӣ падарарӯсаш Маъруф Раҳимбоевро дар назди дӯкони оҳангарии ӯ бо 2 зарбаи корди ошхонагӣ ба қафаси сина ва 1 зарба ба гулӯ ба қатл расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Руслан Шоев афзуд, ки гумонбаршуда боздошт гардида, ба ҷинояти содиркардааш иқрор шудааст ва зери тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Хотиррасон мекунем, ки 1 моҳ қабл дар шаҳри Турсунзода ҳодисаи баръакси ин ҳолат, яъне куштори домод аз ҷониби падарарӯс ба амал омад. Зимнан шаҳрванд Абдумалик Ҷанбиров, соли таваллудаш 1957 пас аз низои оилавӣ домоди худро бо истифода аз автомати Калашников ба қатл расонида буд.

Акс аз www.klops.ru

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.