Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон дар Истамбул

Дар шаҳри Истамбули Туркия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Казихонов баргузор гардид.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.  Ҷонибҳо мутобиқати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҳарду […]

Asia-Plus


Дар шаҳри Истамбули Туркия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Казихонов баргузор гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

 Ҷонибҳо мутобиқати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҳарду кишварро дар асоси бисёрҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо ва гуманитарӣ – дар чаҳорчӯби чунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД ва СҲШ қайд намуданд.

 Тарафҳо наздикӣ ва мувофиқ будани мавқеи Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла тезонидани равандҳои ҳамгироӣ, махсус дар соҳаи иқтисодиёт, таъмини амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва як қатор масъалаҳо дар дигар соҳаҳо қайд намуданд.

 17 августи соли 2011 Вазири корҳои хориҷӣ дар кори ҷаласаи оҷили Кумитаи иҷроияи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба масъалаҳои кӯмак ба Сомалӣ дар робита ба бӯҳрони гуруснагӣ, ки кори худро дар нимаи дуюми рӯз оғоз менамояд, иштирок хоҳад кард. Тибқи барнома ҷаласаро Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ҳусни оғоз мебахшад ва баъдан Президенти Сомалӣ Шариф Шайх Аҳмад баромад мекунад.

 Дар рафти ҷаласа мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.