Бурди асосӣ дар лотереяи вохӯрии дастаҳои фуболи Тоҷикистону Ҷопон автомашина аст

Дар вохӯрии даври сеюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё миёни Тоҷикистону Ҷопон, ки рӯзи 11-уми ноябри соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, миёни мухлисон бозии лотереяи варзишӣ доир мегардад. Бурди асосии он автомашинаи сабукрав аст. Бино ба маълумоти сомонаи дастаи футболи «Истиқлол», пас аз анҷоми вохӯрӣ миёни билетҳои гирифтаи мухлисон […]

Ҳайдар Шодиев


Дар вохӯрии даври сеюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё миёни Тоҷикистону Ҷопон, ки рӯзи 11-уми ноябри соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, миёни мухлисон бозии лотереяи варзишӣ доир мегардад. Бурди асосии он автомашинаи сабукрав аст.

Бино ба маълумоти сомонаи дастаи футболи «Истиқлол», пас аз анҷоми вохӯрӣ миёни билетҳои гирифтаи мухлисон бозии лотерея гузаронида мешавад ва ғолиби бозии лотерея аз варзишгоҳ бо автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ-2107 бурун меравад. Барои мухлисон вуруд (даромадан) ба варзишгоҳ пулакӣ буда, қимати билети нишастгоҳҳоии ғарбӣ – 20 ва шарқӣ – 10 сомонӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки пас аз баргузории се вохӯрӣ дастаи Тоҷикистон аз ҳеҷ имтиёзе бархӯрдор набуда, бозиҳоро ба дастаҳои Ӯзбекистону Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 1 бар сифр ва ба дастаи Ҷопон бо ҳисоби 8 бар сифр бохт.

Дар ин гурӯх дастаҳои Ӯзбекистону Ҷопон бо касби 7 имтиёз пешсафанд. Дастаи Кореяи Шимолӣ дорои се имтиёз мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.