Э.Раҳмон: Ҳиссаи кишварҳои аъзои ЕврАзЭС дар мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон назаррас аст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири ин созмон ҷамъ омаданд. Хотиррасон бояд намуд, ки аъзои он давлатҳои Беларус, Русия, […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири ин созмон ҷамъ омаданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки аъзои он давлатҳои Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон мебошанд. Арманистон давлати нозир ба шумор мераванд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни изҳори андеша ба марҳилаи нави раванди муттаҳидшавӣ ворид шудани давлатҳои аъзои Иттиҳодии иқтисодии Авруосиёро «посух ба оқибатҳои ҷаҳонишавӣ» номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд барои ба сатҳи ҳамкории воқеан стратегӣ баровардани муносибатҳои кишварҳои аъзои созмон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, «ҳиссаи кишварҳои аъзои ин созмон дар мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 35%-ро ташкил дод». «Афзоиши ҳиссаи кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ин мизон суръати хеле баланд дорад», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ба иттилои сарвари давлат, «дар тиҷорат бо Тоҷикистон ҳиссаи Беларус нисбат ба соли гузашта 148%, Қирғизистон 138% ва Қазоқистону Русия 160%  афзоиш ёфт». 

Бо ишора ба ин рақамҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «кишварҳои аъзои Иттиҳод, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба ҳамдигар сахт вобастаанд, танҳо дар ҳамдастӣ метавонанд оқибатҳои сангини буҳронҳои ҷаҳонии иқтисодию молиявиро пушти сар кунанд».

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба мушкилоти Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехатарии энергетикию озуқаворӣ бори дигар кишварҳои минтақа ва аъзои ин созмонро «барои мавриди истифодаи босамару оқилона ва ба кулли минтақа судбахш қарор додани имкону захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо» ба ҳамкории наздик даъват намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.