Супориши президент оид ба рафъи саривақтии оқибатҳои офати табиӣ

Чанде қабл ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мавҷуда бинобар сабаби боришоти зиёди барф дар рӯзҳои ахир раисони вилояти Хатлону Суғд Ғайбулло Афзал ва Қоҳир Расулзода, муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон, вазирони нақлиёту кишоварзӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Айнӣ, Варзоб, Ҷиргатол, Рашт, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод ҳисобот доданд. Тавре […]

ASIA-Plus


Чанде қабл ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мавҷуда бинобар сабаби боришоти зиёди барф дар рӯзҳои ахир раисони вилояти Хатлону Суғд Ғайбулло Афзал ва Қоҳир Расулзода, муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон, вазирони нақлиёту кишоварзӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Айнӣ, Варзоб, Ҷиргатол, Рашт, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод ҳисобот доданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба сохтору хадамоти дахлдор супориш дод, ки бо истифода аз тамоми имконот баҳри рафъи оқибатҳои офати табиӣ, тозакунии роҳҳо аз барф, таъмини шахсони дар асорати тарма қарордошта бо хӯроки гарм чораҳои таъҷилӣ андешанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва иҷтимоии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо маводи сӯзишворӣ ва ғизо таъмин гардида, чорводорон дастгирӣ шаванд, то ки чорворо бидуни талафот аз мавсими тӯлкашидаи зимистон бароранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.