Гузаши низомӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки ҷузъу томҳои гарнизони шаҳри Душанбе гузашти низомӣ баргузор мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар гузашти низомӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиа иштирок мекунанд. Дар минбар мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва […]

Аваз Юлдошев


Дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки ҷузъу томҳои гарнизони шаҳри Душанбе гузашти низомӣ баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар гузашти низомӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиа иштирок мекунанд. Дар минбар мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ хоҳад кард. Гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.

Бо анҷоми гузашти низомӣ дар Вазорати мудофиа маҷлиси ботантана доир гардида, дар он афсарону сарбозони пешқадам бо унвону тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Консерти идона бо иштироки дастаҳои ҳунарии Вазорати мудофиа ва ҳунармандони маъруф ба чорабинӣ ҳусни хотима мебахшад.

Имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳо ва қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона доир мегарданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳор кард, ки «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон буда, он дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд ва дар натиҷаи таваҷҷўҳи доимии ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрўз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерўи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст».

«Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва ўҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд», – гуфт дар паёми табрикӣ сарвари давлат.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.