Эмомалӣ Раҳмон Путинро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард

Президенти Тоҷикистон ба муносибати ба мақоми президенти Русия интихоб шудан ба Владимир Путин паёми табрикотӣ ирсол кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар паём зикр мегардад, ки «изҳори иродаи мардуми рус аз дастгирии густардаи аҳолии Русия нисбат ба сиёсати ҳамаҷониба андешидашудаву пешгирифтаи Шумо гувоҳӣ медиҳад, ки ба рушди минбаъда […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон ба муносибати ба мақоми президенти Русия интихоб шудан ба Владимир Путин паёми табрикотӣ ирсол кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар паём зикр мегардад, ки «изҳори иродаи мардуми рус аз дастгирии густардаи аҳолии Русия нисбат ба сиёсати ҳамаҷониба андешидашудаву пешгирифтаи Шумо гувоҳӣ медиҳад, ки ба рушди минбаъда ва таҷдиди ҷомеа, таҳкими хамаҷонибаи нуфузи Русияи дӯст дар арсаи байнулмилалӣ, ки Тоҷикистон муносиботи шариконаи стратегӣ дорад, равона гардидааст».

Бино ба иттилои манбаъ, дар паёми табрикотӣ сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин изҳори боварӣ кардааст, ки сари мансаби олии Русия ҳузур доштани Путин ба рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилаи Русияву Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои гуногун мусоидат менамояд.

Намояндаи хадамоти матбуот таъкид кард, ки дар паём ҳамчунин баён мегардад, ки Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Русия ба густариш бахшидани муносибатҳои ҳамкории дуҷониба омода аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.