Пирӯзии бечунучарои Владимир Путин

Дар Русия аз маъракаи интихоботи президент натиҷагирӣ мекунанд. Чанде қабл шаҳрвандони кишвар ба президенте овоз доданд, ки бори нахуст ба муддати 6 сол ба ин мақом интихоб мешавад. Дирӯз, 4-уми март, соати 21:00 бо вақти Маскав тамоми қитъаҳои интихоботӣ дар қаламрави Русия баста шуданд ва дар Комиссияи марказии интихоботи Русия шумури овозҳо оғоз гардид. Хабаргузории […]

ASIA-Plus


Дар Русия аз маъракаи интихоботи президент натиҷагирӣ мекунанд. Чанде қабл шаҳрвандони кишвар ба президенте овоз доданд, ки бори нахуст ба муддати 6 сол ба ин мақом интихоб мешавад.

Дирӯз, 4-уми март, соати 21:00 бо вақти Маскав тамоми қитъаҳои интихоботӣ дар қаламрави Русия баста шуданд ва дар Комиссияи марказии интихоботи Русия шумури овозҳо оғоз гардид.

Хабаргузории РИА Новости менависад, ба ҳолати 05:45-и вақти Маскав Комиссияи марказии интихобот 95,13 протоколҳои ниҳоӣ оид ба интихобти президенти Русияро коркард кардааст.

Бино ба маълумоти интишоршуда дар маркази иттилоотии «Интихобот-2012» дар КМИ Русия, ба нахуствазири Русия Владимир Путин 42 млн. 277 ҳазору 370 нафар ё худ 64,26%-и интихобкунандагон овоз додаанд. Пешвои коммунистон Геннадий Зюганов бо нишондиҳандаи 17,14% дар мақоми дуюм ва номзади мустақил Михаил Прохоров ба 7,42 раъйи интихобкунандагон дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ба 6,25 ва раиси ҳизби «Справедливая Россия» Сергеей Миронов ба 3,8-и раъйи интихобкунандагон соҳиб шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.