Тоҷикистону САҲА аз сатҳи ҳамкориҳо қаноатманданд

Дар ҳошияи кори Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ (RECCO-V), ки тайи ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе идома дорад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниерро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Ламберто Занниер барои ташкили шароити хуби кории конфронси 5-уми РЕККА, ки […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи кори Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ (RECCO-V), ки тайи ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе идома дорад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниерро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Ламберто Занниер барои ташкили шароити хуби кории конфронси 5-уми РЕККА, ки аҳамияти бузург ба кулли минтақа дорад, ба Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Аз ҷараёни кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳама се самти авлавиятноки фаъолияти ин созмон – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ арзи қаноат карда шуд.

Бо изҳори хушнудӣ аз фаъолияти Коллеҷи сарҳадбонии САҲА дар Тоҷикистон, дастгирии фаъолияти нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбута, ҳамзамон ифтитоҳи як маркази минтақавии омӯзишӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барои шаҳрвандони Афғонистон зарур шумурда шуд.

Ламберто Занниер ба нақши Тоҷикистон дар барқарорсозии иқтисодиёт ва амну субот дар Афғонистон баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки лоиҳаҳои сершумори зербиноии дар конфронси мазкур матраҳшуда бояд мавриди пуштибонӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода шаванд.

 Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва равандҳои демократӣ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.