Омодагии корпоратсияи украинии «Важмашимпекс» ба ифтитоҳи намояндагӣ дар Тоҷикистон

Чанде қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо роҳбари Корпоратсияи миллии «Важмашимпекс» Евгений Козик масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Украина, дар вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили роҳандозии робитаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла таъмини Тоҷикистон бо техникаи мошинсозии истеҳсоли Украина, ҳамкорӣ дар таҷдиди […]

Виктория Наумова


Чанде қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо роҳбари Корпоратсияи миллии «Важмашимпекс» Евгений Козик масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Украина, дар вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили роҳандозии робитаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла таъмини Тоҷикистон бо техникаи мошинсозии истеҳсоли Украина, ҳамкорӣ дар таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ ва сохтмони иншооти саноатии муштарак матраҳ шуданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Корпоратсияи миллии «Важмашимпекс» як қатор корхонаҳои саноати мошинсозиро муттаҳид сохта, дар кори таҳия, истеҳсол ва насби таҷҳизоти энергетикӣ, аз ҷумла насби таҷҳизот дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, генератор, трансформатор ва таҷҳизоти гидромеханикӣ аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор аст.

Дар ҷараёни мулоқот Евгений Козик изҳор кард, ки корхона ба ифтитоҳи намояндагии худ дар Тоҷикистон ва иштирок дар корҳои иваз намудани таҷҳизот дар нерӯгоҳҳои барқии Норак, Бойғозӣ, Қайроққум, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистн омода аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон намояндагиҳои Корпоратсияи миллии «Важмашимпекс»-и Украина дар Озарбойҷон, Ҳиндустон ва Эрон фаъолият дошта, ояндаи наздик боз кардани чунин намояндагиҳо дар Туркманистону Чин ва Вйетнам дар назар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.