Моҳи март шумори аъзои ҲНИТ 300 нафар афзуд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор медорад, ки сарфи назар аз фишор болои он, ҳар моҳ шумори аъзои ҳизб афзун мегардад. Танҳо дар моҳи март ба сафи ҳизб 300 нафар аъзои нав шомил гардиданд. Чуноне аз қароргоҳи марказии ҲНИТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз шумори нафароне, ки моҳи март ба аъзогии ҳизб пазируфта шуданд, 65 […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор медорад, ки сарфи назар аз фишор болои он, ҳар моҳ шумори аъзои ҳизб афзун мегардад. Танҳо дар моҳи март ба сафи ҳизб 300 нафар аъзои нав шомил гардиданд.

Чуноне аз қароргоҳи марказии ҲНИТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз шумори нафароне, ки моҳи март ба аъзогии ҳизб пазируфта шуданд, 65 дарсадашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ду моҳи аввали соли равон бошад, ба сафи ҳизб аз 120 то 160 нафар аъзои нав қабул карда шудааст. Бино ба маълумоти ситоди ҲНИТ, айни замон шумори умумии аъзои ҳизб 41 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз дафтари ҲНИТ ҳамчунин хабар доданд, ки моҳи март сафҳои ҲНИТ-ро 30 нафар тарк намудаанд. Мақомоти раҳбарии ҳизб дар робита ба ин масъала изҳор медорад, ки сафҳои ҳизбро тарк кардани аъзои он таҳти фишор ё ба ивази имтиёзҳои ваъдашуда сурат мегирад.

Дар яке аз ҷаласаҳои мақомоти раҳбарии ҲНИТ муовини раиси ҲНИТ, вакили парлумон Саидумар Ҳусайнӣ гуфт, сафҳои ҳизбро дар ҳолати ваъдаи пешниҳоди имтиёзҳо ва ё таҳти фишору тарсонидан тарк месозанд. «Ахиран тарзи дуюм бештар истифода мешавад. Мутобиқи ҳисоботи шуъбаҳои ҳизб дар шаҳру навоҳӣ, аъзои ҳизби моро таҳдиду фиреб мекунанд ё ба онҳо ваъда медиҳанд, ки дар сурати аз сафи ҲНИТ хориҷ шудан, ба онҳо қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад», – гуфтааст вай дар ҷаласа.

Ба қавли номбурда, рӯз то рӯз зиёд шудани шумори аъзои ҳизб бозгӯи заифии ҳукуматдорон аст, зеро агарчанде барои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тамоми шароитҳо муҳайё бошанд ҳам, он аз уҳдаи таъмини ҳаёту рӯзгори шоиста барои аҳолӣ баромада наметавонад.

«Аҳолӣ бо барқу газу оби нӯшокӣ мунтазам таъмин нест, роҳҳо харобу қисмати аъзами аҳолӣ муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд ва аз ин рӯ, акнун мардум бо умед рӯ ба ҲНИТ овардаанд», – иброз доштааст Ҳусайнӣ.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.