Ирсоли асноди зарурии созмони ҶМТ ба Вазорати адлия ҷиҳати қайди расмӣ

Чанде қабл созмони сиёсии Ҷунбиши Миллии Тоҷикистон (ҶМТ) барои қайди расмӣ дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол намуд. Тавре дар иттилоияи интишоршудаи созмон гуфта мешавад, моҳи феврали соли равон гуруҳе аз Тоҷикони муқими хориҷа аз ташкили чунин созмони сиёсӣ хабар дода буданд, ки мақсади он таҳкими раванди демокросӣ ва таъмини шаффофияти интихоботи раисҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл созмони сиёсии Ҷунбиши Миллии Тоҷикистон (ҶМТ) барои қайди расмӣ дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол намуд.

Тавре дар иттилоияи интишоршудаи созмон гуфта мешавад, моҳи феврали соли равон гуруҳе аз Тоҷикони муқими хориҷа аз ташкили чунин созмони сиёсӣ хабар дода буданд, ки мақсади он таҳкими раванди демокросӣ ва таъмини шаффофияти интихоботи раисҷумҳурӣ 2013 дар Тоҷикистон аст.

Дар ин муддат барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҶМТ барои рушди мукаммал ва босуръати Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020 мавриди баҳсу мунозираҳо дар ҷомеа қарор гирифтанд ва пешниҳодҳои ҷолиб барои такмили барномаҳо қабул гаштанд.

Инчунин, ҶМТ бо ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар машварату ҳамкорӣ намуда, оид ба таъсиси эътилоф (коалитсия) ва пешбарии номзади ягона барои интихоботи раисҷумҳурӣ 2013 тасмимҳо гирифт.

Қарор аст, ки якҷо бо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои байналмиллалии мухталиф ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон муроҷиатнома навишта шавад, ки дар он аз у даъват мешавад то бо эҳтиром ба Сарқонуни Тоҷикистон ва эътирофи арзишҳои демокросӣ номзадии худро дар интихоботи раисҷумҳурӣ соли оянда пешбарӣ накунад.

Раҳбарияти ҶМТ, ки дар он ҷавонони коршинос ба монанди Қиёмиддин Шоев, Ботур Қосимӣ ва Хушруз Аблусамиев шомил ҳастанд барои табдили созмон ба ҳизби сиёсӣ ва пешбарии номзадҳои арзанда дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳоло кушишҳо ба харҷ медиҳанд.

ҶМТ талош дорад, ки бо истифода аз ҳамаи роҳҳои қонунӣ ва осоишта аз ҳукумати бардавоми як нафар, ки дақиқан низоми диктаторӣ ҳисобида мешавад, пешгирӣ карда шавад ва сохтори ҳақиқатан демокросиву дунявӣ ва иқтисоди озоду одил дар Тоҷикистон ташаккул гардад.

Созмон бо шиори «Ростиву талаби ҳақ моро ба пирузӣ расонад» амал мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.